Ба гузориши Поср Тудей, дар ду соли гузашта, борикаи Ғазза шоҳиди яке аз хунбортарин ва бераҳмонатарин ҳамалоти низомии таърихи муъосир будааст. Аз оғози таҷовузи режими саҳюнистӣ дар 7 октябри 2023, оморҳои мунташир шуда аз сӯйи Вазорати беҳдошти Фаластин ва ниҳодҳои байналмиллалӣ, парда аз фоҷеъаи инсонӣ бардоштаанд, ки абъоди он фаротар аз тасавур аст.
Тибқи гузоришҳои мустанад, то октябри 2025, беш аз 68 ҳазор нафар шаҳиду 164,260 нафар маҷрӯҳ шудаанд. Оморе, ки ҳар рӯз бо идомаи ҳамалоти ваҳшиёнаи режими саҳюнистӣ афзоиш низ меёбад.
Бахши қобили тааҷҷӯҳе аз қурбониёни ин наслкушӣ, занон ва кӯдакон ҳастанд, тибқи гузоришҳо, беш аз 14, 800 кӯдаки фаластинӣ ҷони худро аз даст додаанд ва садҳо нафари дигар бар асари гурӯснагӣ ва суйи тағзия ба шаҳодат расидаанд. Ин омор натанҳшо нишон диҳандаи шиддати ҳамалоти саҳюнистҳо, балки гувоҳи бар ҳадафгирии мустақими ғайри низомиён ва зерсохтҳои ҳаёти монанади бемористонҳо, мадорис ва маркази имдодӣ аст.
Дар канори талафоти инсонӣ , зерсохтҳои ҳаётии Ғазза ба таври комили нобӯд шудаанд ва беш аз 3052 ҳамлаи мустақим ба манотиқи маскӯнӣ , бемористонҳо ва марокизи имдодӣ сабт шудааст . Ҳамчунин , шаш гӯри ҷамъӣ дар бемористонҳо кашф шудаанд ки нишондиҳанда рафтори ғайриинсонии нерӯҳои ишғолгар бо қурбониён фаластинӣ аст .
Режими саҳюнистӣ ҳатто аз ҳадаф қарор додани имдодгарону хабарнигорон низ тарсе надошта ва тибқи охирин гузоришҳо , беш аз 491 нафар аз кадри пизишкӣ , 141 хабарнигор ва 67 нафар аз нерӯҳои дифои маданӣ дар ҷараёни ин ҳамалот ба шаҳодат расидаанд . Ин иқдомот на танҳо нақзи ошкори қавонини байналмилалӣ ва ҳуқуқи башар ҳастанд , балки нишондиҳанда талоши систематик барои хомӯш кардани садои ҳақиқат ва ҷилавгирӣ аз интишори воқеиятҳои майдонӣ тавассути режим саҳюнистӣ ҳастанд .
Дар канори ин оморҳо , беш аз 7000 нафар ҳамчунон мафқуд ҳастанд ва гумон меравад бисёре аз онон зери овор монда бошанд . Шароити вахими инсонӣ , камбӯди шадиди ғизо , дорӯ ва оби ошомиданӣ , ва муҳосираи комили Ғазза , вазъиятро дар ин борика ба марзи фоҷеъаи тамом айёр рисондааст .
Дар ин миён ; Ҷомеъаи ҷаҳонӣ дар баробари ин наслкушӣ сукути сангини ихтиёр карда ва бо вуҷӯди дархостҳои мукаррар барои таваққуфи ҳамалоту расидагӣ ба вазъияти инсонӣ , вокунишҳо умдатан маҳдӯд ба баёнияҳои дипломотик бӯдаанд . Ин сукут , на танҳо ҳамдастӣ бо ҷинояткорони ҷангӣ аст , балки заминасози тадовуми фоҷеъаӣ аст ки ҳар рӯз ҷони садҳо инсони бегуноҳро мегирад .
Дар поён бояд гуфт ки оморҳои такондиҳанда аз ҷанги Ғазза , санадии зинда аз ҷиноятӣ ҳастанд ки бояд дар таърих сабт шавад . Наслкушии режими саҳюнистӣ дар Ғазза на танҳо як буҳрони минтақаӣ , балки озмӯнӣ барои виҷдони ҷаҳонӣ аст ; Озмӯне, ки токунӯн бо шикасти ахлоқӣ ва инсонӣ ҳамроҳ бӯдааст .
Your Comment